Атовулло хостори тағйири муносибати Аврупо бо Душанбе
Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, кишварҳои Аврупоро ба шиддат танқид карда, аз онҳо хостааст, агар воқеан худро ҳомии демократия меҳисобанд, муносибати худ бо ҳукумати Тоҷикистонро тағйир диҳанд.
Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Ватандор” дар ин изҳороти видеоии худ, гуфтааст, дар сурате ки кишварҳои аврупоӣ ҷонибдор ва ҳимоят аз низоми демократӣ дар ҷаҳон мекунанд, бояд нисбат ба вазъи сокинони Тоҷикистон дар ватан бетараф набошанд. Додоҷони Атовулло мегӯяд, намояндагони кишварҳои мазкур бо вуҷуди дидани интихоботи ғайришаффофу дур аз арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон, изҳор доштанд, ки мо ба сиёсати дохилии кишваре дахолат карда наметавонем. Аммо ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик роҳҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки бидуни дахолат ба мумури сиёсии як давлат ба он таъсир расонд.
“Ин давлатҳо ба хотири риоя шудани арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон метавонанд, як феҳристеро аз мансабдорони воломақоми ин кишвар тартиб дода, вуруди онҳоро ба Аврупо манъ кунанд, яъне бо ин роҳ ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фишор оранд, то ба арзишҳои инсонӣ эҳтиром гузорад”,-гуфтааст ӯ.
Вале ба қавли раҳбари Ҳаракати сиёсии “Ватандор”, кишварҳои Аврупо бо ном ҳомии демократия буда, дар асл ҷонибдорӣ аз ҳукуматҳои худкома мекунанд: “Демократия барои инҳо мисли як дона қанд аст, ки барои фиреби кӯдакон чун лозим шуд, аз ҷайб берун ва ба даст мегиранд, дар сурати нолозим онро дохили ҷайб мекунанд.” Ӯ таъкид бар ин менамояд, ки агар дар воқеъ давлатҳои аврупоӣ ҷонибдори рушду пешрафти ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон мешуданд, то кунун созмон ё нашрияи сирф озодро таъсис медоданд: “Дар давоми 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ягон созмон ва нашрияи озодеро дида намешавад, ки бо дастгирии онҳо таъсис ёфта бошад, ҳатто иҷрои лоиҳаеро барои рушди демократия дар ин кишвар дидан номумкин аст.”
Додоҷони Атовулло мегӯяд, ҳар давлат ва кишваре муносибати худ бо ҳукумати Тоҷикистонро тағйир намедиҳаду аз он ҷонибдорӣ менамояд, демократия ва арзишҳои онро “зинда ба гӯр мекунад.”
Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад. Вай аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва ниҳодҳои интизомӣ ӯро барои таҳқири шахси аввали ҷумҳурӣ муттаҳам медонанд.