Тайи се рӯзи наздик баландшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст.
Тавре Парвина Сайидҷамолова, сардори маркази пешгўии боду ҳаво ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзҳои 4-ум то 7-уми август ҳаво дар вилояти Хатлон 41-46 дараҷа, дар вилояти Суғд 38-43 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад 37-42 дараҷа гарм мешавад, дар кўҳҳо низ ҳарорат баробар ба 35-40 дараҷа гарм баробар мегардад. Дар ВМКБ 33-38 дараҷа ва дар баъзе минтақаҳо то 42 дараҷа, дар шарқи вилоят 18-22 дараҷа гарм, дар шаҳри Душанбе бошад гармии ҳаво ба 40-42 дараҷа мерасад.
Бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ ба амал омадани сўхтор, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва дар минтақаҳои кўҳӣ дар натиҷаи зиёд об шудани пиряхҳо ба амал омадани сел дар назар дошта шудааст. Манбаъ афзуд, аз 8-уми август пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст ва дар ноҳияҳои кўҳӣ гармии ҳаво 3-4 дараҷа паст шуда, эҳтимоли боридани борон дар назар дошта мешавад.{jathumbnail off}