500-долларии Ҳукумов барои даст кашидани маҷруҳон аз даъво
Намояндаи хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки аз ӯ “Тилло” ном бурда мешавад, ба маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе 500-долларӣ кумакпулӣ дода, аз онҳо хостааст, аз даъвояшон даст бардоранд.
Азиза Рӯзиева, яке аз маҷрӯҳон, дар ин бора ба "Озодагон” хабар дода ва гуфт, ин нафар ба онҳо ваъда додааст, ки тамоми харҷи табобаташонро бар дӯш мегиранд. Тайи ду моҳи охир ин дувумин кумаки хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ба маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябр мебошад, ки бо иштироки БМВ-и писари 16-солааш Расули Амонулло иттифоқ уфтодааст. Дар оғози қазия онҳо ба маҷруҳон 800-долларӣ маблағ дода буданд.
Аммо Шокир Маҳкамов, яке дигар аз маҷрӯҳон дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо 500-долларӣ кумаки Ҳукумовро қабул накарда, гуфтаанд, тамоми пули табобати онҳоро бипардозанд, ки шояд ба 4 ё 5 ҳазор доллар баробар мешавад. Вай дар тамоси телефонӣ ба "Озодагон" гуфт, “онҳо ҳамроҳи як вакили мудофеъ омада, варақеро нишон дода гуфтанд, зери он имзо гузорем. Аз даъвоямон бигузарем. Мо имзо накардем ва даъво кардем, ақаллан 4 ё 5 ҳазор доллар бидиҳанд. Онҳо ваъда карданд, ки рӯзи душанбе меоянд, аммо то ҳол наомадаанд”,-афзуд ӯ.
Пешниҳоди кумаки хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ Умар Шарифов, сокини 22-солаи Душанберо, дар садамаи маргбори шаби 9 октябр муттаҳам дониста, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот мегӯянд, он шаб дар сари фармони мошини БМВ бо рақами “20-20” Умар Шарифов менишаст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар робита ба ин қазия модари Расули Амонулло – А.Мӯсоеваро танҳо барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фаранд муҷрим шинохта, 120 сомонӣ ҷарима баст. Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раисикунандаи мурофиа ба “Озодагон” гуфт, худи модари Расул ба додгоҳ ҳозир шуда ва ҷаримаашро дарҳол супоридааст.
Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.