Кабирӣ ва Каримов дар рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон”
Исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар феҳристи нави “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон”, ки авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ интишор ёфт, зикр шудааст. Соли гузашта Тоҷикистонро дар ин рӯйхат президент Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекард.
Муаллифони “500 чеҳраи бонуфузи олами Ислом” аз Муҳиддин Кабирӣ ба унвони нафаре, ки тавонистааст Ҳизби наҳзатро аз порашавӣ наҷот диҳад, ёдоварӣ намудаанд. Инчунин, онҳо аз ҳадяҳои оқои Кабирӣ ба баъзе аз иштирокдорони бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 дар Лондон тавсиф намуда, онро саховатмандӣ донистаанд. Раҳбари ҲНИТ ба Мавзуна Чориева, барандаи медали бозиҳои олимпӣ дар Лондон, манзил ва ба Расул Боқиев, варзишкори шинохтаи тоҷик мошин тӯҳфа карда буд.
Номи Муҳиддин Кабирӣ дар бахши сиёсати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” зикр шуда, дар ин қатор ӯро аз Осиёи Марказӣ Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ҳамроҳӣ мекунад, ки номаш барои аввалин бор вориди ин феҳрист шудааст. Рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” аз соли 2009 ба ин сӯ аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии исломӣ дар Уммон омода мешавад. Дар садри гузориши соли 2013 Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи “Ал-Азҳар” қарор гирифтааст. Соли гузашта ин мақомро Абдулло ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ, ишғол карда буд.
Дар феҳристи имсола аз Оқохони IV, Юсуф Қарзовӣ, Малола Юсуфзай, Самӣ Юсуф, Абдуфаттоҳ Сисӣ, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Ҳасан Рӯҳонӣ, Абдулло Гул ва дигар чеҳраҳои маъруф низ ном бурда шудааст.