Хосият Идиеваи 63-сола мегӯяд, шаҳрдорӣ ба додаш нарасид (ВИДЕО)
Хосият Идиева, як сокини 63-солаи шаҳри Душанбе, ки мегӯяд, маъюби гуруҳи дувум аст, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор барои ҳалли мушкили манзилаш аз шаҳрдорӣ посухи мусбат нагирифтааст.
Вай дар як сӯҳбати видеоӣ бо “Озодагон” гуфт, ӯву хонаводааш то соли 2010 дар кӯчаи Титови пойтахт дар як манзиле, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, зиндагӣ мекарданд. Ба қавли мусоҳиби мо, баъдан шаҳрдорӣ онҳоро ба бинои 16-ошёнае дар маҳаллаи “Профсоюз” овард ва иҷоранишин кард. “Он вақт ваъда дода буданд, ҳаққи иҷораи манзилро мепардозам ва баъдан хона ба номи мо гузаронда мешавад. Ҳоло ба ҷои кумак, баръакс, мақомоти Душанбе аз болои мо ба додгоҳ шикоят бурда, даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима хостааст”,-гуфт Хосият Идиева.
Ин сокини бознишастаи Душанбе гуфт, “дар аввал пули иҷораро 520 ва баъдан 600 сомонӣ муқаррар карданд. Ман маъюби гурӯҳи дуюм ҳастам ва ба ҳамин хотир бояд пули иҷораро 50 дарсад супорам. Ман бо ҳамин ҳисоб пули сесолаи иҷораи манзилро пардохтаам, лекин масъулин ба додгоҳ аз болои ман шикоят бурдаанд, ки гӯиё аз ҳисоби маблағи иҷора қарздорам. Ин комилан нодуруст аст.”
Ин ҳамсӯҳбатамон иброз дошт, аз як сӯ масъулон намегузоранд, ки ӯ дар манзили пешинааш ором зиндагӣ кунад ва аз сӯи дигар барояш хона намедиҳанд. “Қонунҳои Тоҷикистон танҳо барои мардуми одӣ будааст, барои мансабдорон дахл надоштааст”,-таъкид дошт ӯ. Хосият Идиева илова намуд, барои маблағи иҷора ва холӣ кардани хона масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати Душанбе ӯро ба додгоҳ кашидаанд ва 3 мурофиааш низ гузаштааст: “Ҳафтаи оянда додгоҳ бояд қарори худро барорад. Агар маро аз ин хона пеш кунанд, ман бо ин фарзандонам ҷои рафтанӣ надорам. Ҳайронам чӣ мешуда бошад...”
Хосият Идиева гуфт, беш аз 30 сол дар Донишгоҳи тиббӣ кор кардааст ва 450 сомонӣ нафақа мегирад. Вай мегӯяд, ин пуле, ки дорад, барои таъмини хонаводааш кофӣ нест ва дар ҳалли қазияаш ночор мондааст. То ҳол мақомоти Душанбе дар ин замина изҳори назар накардаанд ва дар сурати дарёфти мавқеи онҳо ҳатман онро низ нашр хоҳем кард.