Кӯмаки низомиёни Амрико ба маъюбони тоҷик (АКС)
Вазорати мудофиаи Амрико бахшида ба рӯзи байналмилалии маъюбон, ки имрӯз, 3-юми декабр, таҷлил мегардад, ба се мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор ба маблағи беш аз 220 ҳазор доллар кумак намуд.
Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе ва Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор дар чорабиние, ки аз ҷониби хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбин баргузор гардид, иштирок доштанд. Сюзан Эллиотт, гуфт, ки “бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ба ин се муассиса-мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор, интернати ҷумҳуриявии касалиҳои руҳӣ ва мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ дар деҳаи Хирманак рахтҳои хоб, болопӯш, матрас ва косаю табақ супорида шуд”.
Танҳо дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор 152 нафар таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 95 нафарашон пура нобино буда, боқимондаашон сустбин мебошанд.