Баъд аз зӯҳри имрӯз президент Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо натиҷаҳои сабзавоткории аҳли заҳмати он аз наздик шинос шуд.
Дар бошишгоҳи саҳроии ин хоҷагӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони шаҳри Панҷакент мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод ва барои ҳалли як қатор мушкилоти мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои барқарорсозии пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва аз худ намудани заминҳои бекорхобида барномаи алоҳидаи давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Тибқи супоришҳои сарвари давлат барои рушди соҳаҳои гуногуни шаҳри Панҷакент, аз ҷумла доир ба тараққиёти зироаткорию боғдорӣ, шоликорӣ ва ғайра бояд нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва тасдиқ гардад. Президент Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки доир ба лоиҳакашӣ ва ҷалби сармоя барои тармиму навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ки масофааш 113,6 км аст, корҳо оғоз ёфтаанд.{jathumbnail off}