Абдураҳмон Бузмаков муовини аввали Рамазон Раҳимов шуд
Генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков муовини аввали Рамазон Раҳимов -- вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мақом Нурулло Орифовро иваз намудааст.
Оқои Бузмаков аз моҳи январи соли 2012 то ин дам Раёсати умури дохилии Душанберо бар ӯҳда дошт. Вай ба ин мақом аз курсии сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон омада, Шералӣ Сабзовро иваз намуда буд.
Абдураҳмон Бузмаков соли 1970 ба дунё омада, маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад ва аз соли 1993 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад.