Рейтинги коррупсия: Туркманистон мавқеаш ду зина беҳтар кардааст
Дар рейтинги нави шохиси коррупсия, ки созмони ҷаҳонии Transparency International нашр кард, Туркманистон дар зинаи 168 қарор дорад.
Дар қиёс ба раддабандии соли сипаришуда, ин кишвар мавқеашро ба ду зина беҳтар кардааст.
Пажуҳишгарон мизони паҳншавии коррупсияро дар кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз сифр (баландтарин) то 100 (поинтарин) тартиб додаанд. Соли равон рейтинг 177 кишварро фаро гирифтааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи беҳтар насиби Қазоқистон шуда, ки дар ҷои 140-ум аст. Баъдан, Қирғизистон – 150, Тоҷикистон – 154, Узбакистон - 168-ум.
Ҷои аввал насиби Дания ва зинаи баъдӣ насиби Зеландияи Нав шудааст. Вазъи Афғонистон, Кореяи Шимолӣ ва Сомалиро пажуҳишгарони Transparency International бадттарин арзёбӣ кардаанд.