Темур Ҳафизов: "Мурофиаи модари Расули Амонулло ҳанӯз баргузор нашудааст"
Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегӯянд, баррасии парвандаи модари Расули 16-сола ва ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло, ки барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон муттаҳам мешавад, ҳанӯз баргузор нашудааст.
Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ин парванда дар дасти ӯст, дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари гӯиё 120 сомонӣ ҷарима шудани модари Расули Амонуллоро рад кард. Ӯ гуфт, “мо дар ҳеч куҷо ба касе нагуфтаем, ки мурофиаи модари Расул баргузор ва ӯ ҷарима баста шуд.” Оқои Ҳафизов дар идома гуфт, 4 декабр замони баргузории мурофиаи нахустини модари Расули Амонулло мушаххас хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, ёвари Темур Ҳафизов, ки худро Беҳрӯз муаррифӣ кард, гуфт, ба расонаҳое, ки аз баргузории мурофиаи додгоҳии модари Расули Амонулло ва ҷарима шудани ӯ ба маблағи 120 сомонӣ хабар додаанд, раддия хоҳанд фиристод.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар нимаи дувуми моҳи ноябр парванда алайҳи модари Расули Амонуллоро дастрас кард. Ба қавли масъулони додгоҳ, ин парванда барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар алайҳи модари Расули Амонулло аз тарафи Вазорати умури дохилӣ боз шуда, аз падари Расул, Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, зикр нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло – Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ низ дар робита бо ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ боз намудааст. ВКД гуфт, волидони Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешаванд.
Ин парванда дар пайи садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузошт, ифтитоҳ шудааст. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст. Дар акс: Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри ДушанбеМоро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)