"Муфаттишони парвандаи Зайд Саидовро ҷазо таҳдид намекунад"
Танҳо беш аз як дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар бахши русии “Озодагон” бар инанд, ки алайҳи муфаттишони Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон, ки бо парвандаи Зайд Саидов машғуланд ва дар сохтакории натиҷаи ДНК муттаҳам мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз симаташон барканор хоҳанд шуд.
Зиёда аз 66%-и иштирокдорони ин назарпурсӣ гуфтаанд, ки барои ин кор муфаттишонро ҳеч гуна парванда ва ҷазое таҳдид намекунад, чун “об аз боло лой аст.” Вале ҳудуди 9 дарсад изҳор доштаанд, ки ин сохтакорӣ ҳоло исбот нашудааст. Танҳо 21%-и иштирокдорон мегӯянд, эҳтимоли зиёд дорад, вакилони дифои Зайд Саидов бо ҷурми туҳмат айбдор шаванд.
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, чанде қабл аз болои гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии генералӣ шикоят бурда, талаб кардаанд, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад. Вакилони Зайд Саидов иддао доранд, ки гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод, таҳти роҳбарии Фирӯз Холмуродов, зимни тафтишот алайҳи зерҳимояашон ба тақаллубкорӣ роҳ дода, ба додгоҳ ташхиси тақаллубии ДНК-ро пешниҳод намудаанд.