Шарми занони Хатлон аз ташхис барои СПИД
Мақомоти бахши тиб дар вилояти Хатлон мегӯянд, занони ин минтақа барои гузаштан аз ташхис барои СПИД шарм медоранд. Ин нукта зимни маъракаи ташхиси ройгони СПИД, ки ахиран дар маркази Хатлон гузаронда шуд, муайян гардидааст.
Ориф Бозоров, духтури маркази СПИД-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бештари мардуми деҳот дар бораи ин бемории хавфнок анқариб ҳеч чиз намедонанд: “Занони баркамолу духтарон шарм медоранд, то аз ин гуна ташхис бигзаранд. Бисёрии хонумон дар шарҳи рад карданашон “боз ҳамсояҳо инро шунида, наханданд”, “шавҳарамро ташхис кардан даркор, на маро”, “мо созем” мегӯянд.”
Дар ҳамин ҳол манбаъ афзуд, ки тӯли як ҳафта аз аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамагӣ 250 нафар аз ташхиси ройгони ВИЧ-СПИД гузаронида шуданд: “Мақсад аз ин иқдом пеш аз ҳама, маълумоти кофӣ расонидан ба мардум оид ба ин бемории сироятӣ ва баъдан, пешгирӣ ва муайян намудани солимии ҷомеа мебошад.”
Дар истинод ба ҳамин манбаъ, рақамҳо ҳокиянд, ки алъон дар вилояти Хатлон 1217 нафар, ки аз ин 853 нафараш мард, 364 нафараш зан ва дар миёни инҳо 343 нафараш ҷавони 20-29-сола ва 412 нафараш 30-39-сола мебошад, мубталои бемории ВИЧ-СПИД гаштаанд. Ва миқдори муайяни кӯдакон низ бо айби волидайн сироят ёфта будаанд.
Бемории мазкур асосан бо василаи алоқаи ҷинсӣ ва қабули сӯзандору паҳн мегардад.