“Барқи тоҷик” тарафдори боло бурдани қимати нерӯи барқ
Ширкати “Барқи тоҷик”, ки идораи низоми электроэнержӣ дар Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, барои рушди соҳа афзоиши нархи барқро зарур мешуморад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, рӯзи 3 декабр дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз рӯи тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ нархи барқ дар Тоҷикистон бояд ҳадди ақал 2,5 сент бошад: “Лекин ҳоло нархи миёнаи барқ дар кишвар 1,83 сент аст, ки хеле арзон мебошад ва яке аз сабабҳои норасоии барқ ва бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон низ ҳамин аст.”
Ёдгорӣ иброз дошт, ба назари ӯ нархи барқ бояд афзоиш ёбад то тамоми хароҷоти соҳа пӯшонда шавад: “Агар мо хоҳем, ки система пеш равад, бояд нарх боло бардошта шавад”. Дар баробари ин, сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, то ҳол ширкаташон расман барои боло бурдани нархи барқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоде накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ дигарбора ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат додааст, нархи нерӯи барқ дар кишварро боло бубарад. Дар маслиҳатҳое, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди энержии Тоҷикистон ироа намудааст, боло бурдани нархи барқ аз омилҳои аслии ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа арзёбӣ мешавад. Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, бо нархҳои мавҷудаи барқ сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон муфид нест.
Бонки Ҷаҳонӣ меафзояд, гароншавии нархи барқ мардумро ба сарфакорӣ водор мекунад. Тибқи созиши Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон нархи барқ дар соли 2013 бояд ҳудуди 3 сент сари ҳар киловатро ташкил медод. Аммо айни ҳол нерӯи барқ барои мардуми Тоҷикистон ба қимати 2,5 сент фурӯхта мешавад. Вале корхонаи алюмнийи тоҷик, ки сеяки барқи тавлидшударо дар Тоҷикистон истифода мебарад, бо нархи камтар аз 2 сент барқ мегирад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)