Пулис далели ҳамкории гаравгони тоҷик бо қочоқчиёнро наёфтааст
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи ҳамкории як шаҳрванди гаравгонгирифташудаи Тоҷикистонро бо қочоқчиёни афғон таҳқиқ намуда, исбот ё худ далели ҳамкориашонро пайдо накардаанд.
Тавре аз шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, далеле пайдо нашудааст, ки ҳамкории Мираҳмадро бо қочоқчиён исбот кунад. Мираҳмад, сокини 30-солаи деҳаи Зардолуаки ин ноҳия аст, ки шаби 10 ба 11-уми ноябр, аз ҷониби гурӯҳи 6 нафараи афғонҳои мусаллаҳ рабуда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, волидайни Мираҳмад низ зимни суҳбат ба мақомот иброз доштанд, ки писарашон ба афғонҳо ҳеч муносибате надошт. Ин манбаъ таъйид намуд, ки қочоқчиён тариқи телефон аз наздикони Мираҳмад 20 ҳазор доллари амрикоиро талаб намудаанд: «Афғонҳо гуфтаанд, ки 20 ҳазор доллар биёред, фарзандатонро мегиред, лекин падари ин ҷавон шахси сарватманде нест. Ҳоло наздиконашон кӯшиш доранд ҳамин 20 ҳазорро ҷамъ кунанду фарзандашонро баргардонанд».
Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, барои баргардонидани Мираҳмад, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Ба иттилои манбаъ Мираҳмад оиладор буда, соҳиби 3 фарзанд аст ва чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳодисаи рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афғонҳо дар ноҳияи Шӯрообод бори аввал набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо зиёд рух додаанд.