ВИДЕО: Қисмати пахшнашудаи “Орел и решка” дар Душанбе
Ахиран дар шабакаи Интернет қисмати пахшнашудаи "Орел и решка” пайдо шуд, ки дар он барандагони барнома пазироияшонро дар Душанбе беназир хондаанд. Анастасия Короткая ва Андрей Бедняков, барандаҳои барнома, дар ин қисмати пахшнашудаи “Орел и решка” дар иҳотаи мухлисон ва меҳмондории тоҷикон, ки барои ин ҳама аз онҳо маблағе нагирифтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки қисмати пахшшудаи марбут ба Тоҷикистони “Орел и решка” баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Муаллифони ин барномаи маърифатӣ-фароғатии Украина нимаи моҳи октябр ба Тоҷикистон омаданд ва ахиран ин барнома аз тариқи шабакаи “Пятница” ба эфир баромад.
Дар интернет ҳар куҷо, ки аз ин барнома ёд мешавад, зераш шарҳи зиёде мерезад. Гуруҳе аз таҳиягарони “Орел и решка” барои сабти барнома дар Тоҷикистон ташаккур мекунанд, иддае нафрин. Дуюмиҳо, ки ба назар мерасад, бештаранд, мегӯянд, ин барнома воқеиятро нагуфтааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)