Маслиҳати Бонки Ҷаҳонӣ барои боло бурдани нархи барқ
Бонки ҷаҳонӣ дигарбора ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки нархи нерӯи барқ дар кишварро боло бубарад.
Дар маслиҳатҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ барои рушди энержии Тоҷикистон ироа намудааст, боло бурдани нархи барқ аз омилҳои аслии ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа арзёбӣ шудааст. Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, бо нархҳои мавҷудаи барқ сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон муфид нест. Бонки ҷаҳонӣ меафзояд, гароншавии нархи барқ мардумро ба сарфакорӣ водор мекунад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи созиши Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон нархи барқ дар соли 2013 бояд ҳадди ақал 3 сент сари ҳар киловатро ташкил медод. Аммо айни ҳол нерӯи барқ барои мардуми Тоҷикистон ба қимати 2,5 сент фурӯхта мешавад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)