Ба маҳкама кашидани зани қирғиз, барои иҷора додани манзил ба тоҷикон
Дар шаҳри Маскави Русия алайҳи як шаҳрванди Қирғизистон барои дар ихтиёри муҳоҷирони кории Тоҷикистон қарор додани манзилаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав, дар пайи як амалиёти кормандони ин ниҳод, будубоши ғайриқонунии 14 муҳоҷири тоҷик дар кӯчаи “Краснодар” муайян гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, ин муҳоҷирони кории тоҷик, дар манзили истиқоматии як шаҳрванди Қирғизистон ғайриқонунӣ ба сар мебурдаанд, ки ӯ ин хонаро худ ба иҷора гирифта будааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав гуфтааст, ин зани 45-солаи қирғиз бо вуҷуди огаҳӣ аз ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон, хонаи ба иҷорагирифтаи худро дубора ба онҳо ба иҷора супоридааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, алайҳи шаҳрванди Қирғизистон бар асоси банди 1-и моддаи 322-и кодекси ҷиноии Русия (ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.