Ҳамон 10-17 нафар сайёҳи тахминӣ, ки райиси ноҳия Фотеҳ Аминову командааш мегӯянд, аз таблиғи ҷаноби Беки Балҷувон (Бек Қурбон- собиқ райиси ноҳия) маншаъ мегирад. Аҳолии бумӣ мегӯянд, бо рафтани райиси собиқ, сиёсати коргузорӣ ва фаъолият дар бахшҳои ноҳия ҷиддан тағйир хўрд.
Ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон яке аз навоҳии кӯҳистони мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳукумати марказӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамин мавзеъро барои нахустин бор минтақаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон эълом дошт. Гуфта мешавад, солҳои аввал ин иқдом дастгирӣ ёфта, маблағҳои зарурӣ барои корҳои гуногун ба ин ноҳия ҷудо мегардид. Вале мутаасифона, замони ахир ин иқдом ҳам дигар аз хаёли масъулин ба гӯшаи фаромушӣ рафтааст. Дар ҳамин ҳол, сафи ба истилоҳ, сайёҳон (зеро эшон на бо хатсайру пешниҳоди сайёҳӣ ва ба қайдгирии махсус ҳамчун сайёҳ ташриф меовардаанд) сол ба сол кам гаштан дорад. Агарчӣ ба иқрори масъулини ҳукумати ноҳияи Балҷувон шумораи хориҷиёне, ки дар Душанбе ба қайд гирифта шудаву баъдан ба ин мавзеъ раҳсипор мегаштанд, солҳои аввал зиёд будаанд.
Ба гуфтаи Фотеҳ Аминов, раиси ноҳия, аллакай сайёҳони хориҷӣ ба Балҷувон таваҷҷўҳ пайдо кардаанд ва ҳамасола шумораи сайёҳон ин ҷо зиёд гаштан дорад. Ӯ мегўяд, ҳар сол 15-17 нафар аз хориҷиён омада, хоҳиши дидан ва тамошои мавзеҳои дилфиреби ин минтақаро мекунанд. Соли равон бошад, ҳамагӣ 9-тан аз хориҷиҳо, шаҳрвандони давлати Испания омадаанд. Ба андешаи ҷаноби Аминов, аксари ҷаҳонгардони аҷнабӣ танҳо ба хотири шикори ҳайвонҳои даштӣ меоянд. Аммо муддати зиёд эшон наметавоананд дар кӯҳистони Балҷувон монанд, зеро барои нигаҳдорӣ ва хизмати зарурии сайёҳӣ барои сайёҳон ягон шароити мусоид нест.
Райиси ноҳия бехабар аст…
Барои ин пеш аз ҳама агар таъмири роҳи нақлиётгарди Душанбе-Балҷувон зарур бошад ҳам, вале дар мадди аввал бояд таъмири роҳ аз маркази ноҳия то мавзеи Сари Хосор тезтар ба анҷом расад. Гузашта аз ин, роҳҳои байнирустоӣ дар ин мавзеъ низ таъмири саривақтиро тақозо мекунад. Раиси ноҳия мегўяд, дар ҳамаи ноҳия ягон меҳмонхона барои қабули на танҳо сайёҳон, ки барои меҳмонони бумӣ ҳам нест. Ҳарчанд, ба гумони раиси ноҳия, «имсол дар мавзеи овозадори Оби гўгирди Сари Хосор сохтмони як меҳмонхонаи замонавии 2-ошёнадори дорои 8-ҳуҷра махсус барои сайёҳон оғоз мегардад». Аммо аҷиб он аст, ки ноҳиядорон бо шумули раиси ноҳия ва муовинону сармеъмор ва кумитаи ҷавонону сайёҳон ва ҳам шӯъбаи навтаъсиси сайёҳӣ ( ба ҳар ҳол раиси ноҳия гуфт, ки ин ҷо шӯъбаи туризм кушодаву ба фаъолият оғоз намудааст) намедонистанд, ки ин иншоот аз ҳисоби кӣ, кай ва бо маблағгузории кадом кумитаву вазоратхона амалӣ мегардад. Гумони ғолиб бар он аст, ки масъулини ноҳия ҳам ба монанди мардуми авом ва сокинони маҳаллӣ дар мавриди аксари сохтмону бунёдкорй дар ноҳия, ҳадс мезананду ягон далелу арқоми дуруст надоранд ва надоштаанд.
Вагарна ба саволҳои оддӣ, ки чанд сайёҳ буд, ҷавоби 10-12-то, чӣ қадар маблағ ҷудо шуда, ҷавоби аниқ намедонем ё барои мо маълум нест, сайёҳон ба кадом мавзеъ ва ба чӣ бештар аҳамият медиҳанд, ҷавоби номаълум, ба фикрам бештар ба шикор таваҷҷўҳ доранд ва дигар собит мекунанд, ки ин масъулин ба монанди ҷавобҳои медодаашон ба кору фаъолият ҳам тахминиву тақрибан рафтор доранду мекунанд.
Аммо Беки Балҷувон медонист
Бояд гуфт, ҳамагӣ чанд солаке пеш замоне ки дар ноҳия Беки Балҷувон (Бек Қурбон) роҳбарӣ
мекард, таваҷҷўҳи махсус ба соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия хеле зиёд ва болотар аз ҳамаи дигар соҳа буд. Ёд меояд, Бек пайваста мегуфт, ки сайёҳиву туризми Балҷувон на танҳо ба рушди ноҳияву вилоят, балки ба пешрафти давлату муаррифии миллат бояд хизмат кунад. Ҳамин буд, ки раиси собиқ барои пешрафти соҳа кӯшиши зиёд мекард. Оддитарин корҳо, мавзеъҳои ҷаззобу дилкашро ба навор мегирифту сурати ин гуна мавзеҳоро тақвими кисагиву рўйимизӣ бо забонҳои гуногун намуда, паҳн мекард. Муаррифӣ ва таърихи Балҷувон, кўҳҳои осмонбўси пурбарфу шаршараҳои афсонавиашро бо навору суратҳо манзури амрикоиву аврупоӣ кардааст ва гумон меравад, ки ҳузури ҳамон 10-17-нафар сайёҳи тахминии Фотеҳ Аминову командааш аз таблиғи ҷаноби Беки Балҷувон маншаъ мегирад. Вале хушбинон, ба хусус мардуми бумӣ бар он назаранд, ки бо рафтани Бек Қурбон, сиёсати коргузорӣ ва фаъолият дар бахшҳои гуногуни ноҳия ҷиддан тағйир хўрд.
Балҷувон ноҳияи кўҳистон аст. Мардумаш асосан ба боғкориву чорводорӣ машғуланд ва ин усул сатҳи зиндагонии сокинонро ба рушд бурда наметавонад. Ягона роҳи баромадан аз заъф ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ , ин соҳаи сайёҳӣ мебошад, агар онро ба таври даркорӣ ба роҳ монд ва дар ин роҳ намесазад ноҳияи сайёҳиро ба ҳоли худаш танҳо монд. Кӯмаки дастаҷамъонаи масъулини ҳам соҳа ва ҳам вазорату кумитаҳо даркор аст. Зеро, аз қавли собиқ раиси ноҳия, Балҷувон дар ояндаи наздик метавонад муаррифгари давлати тоҷикон бошад. Ин дар ҳолест, ки раиси феълии ноҳия Аминов бо алам мегуфт, ки даромади соф аз ҳисоби буҷаи маҳал дар 6-моҳи имсол ҳамагӣ 10-ҳ
азор сомонӣ будааст.
Интизор меравад, даҳаи ахири моҳи равон райисҷумҳур Эмомалй Раҳмон аз чанд навоҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дидан кунад, ҳамзамон тибқи нақша президент бо як сафари кории кӯтоҳ ба Балҷувон низ хоҳад рафт. Шояд бо омадани ҷаноби Раҳмон, шахси аввали ҳукумат мушкилоти Балҷувону балҷувониҳо роҳи ҳалли худро пайдо мекунад? Шояд бахши сайёҳӣ ё худ ҷаҳонгардӣ дар минтақа зинда мешавад ва гиреҳҳои нокушодаи он бозкушоӣ мешаванд? Ба ҳар ҳол некбинон ба ин паҳлӯи масъала назари хушбинона доранд…
Аслиддин Достиев, Кӯлоб {jathumbnail off}