Акс: "Озодагон" Падидаи сол, "Азия Плюс"-нашрия ва Олга Тутубалина - журналисти сол
Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Зеркало" хабаргузории “Озодагон”-ро падидаи сол дар фазои иттилоотии кишвар номидааст.
Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази мазкур рӯзи 2 декабр Дар як хамоише, ки дар Душанбе баргузор гашт, зимни эълони натоиҷи назарсанҷии "Зеркало" гуфт, фаъолияти хабаргузории “Озодагон” дар соли 2013 назаррас буда, дар муқоиса бо дигарон ҳамчун падида арзёбӣ мешавад.
Ин назарсанҷӣ, ки миёни 610 нафар, аз ҷумла коршиносон, паҳнкунандагони нашрияҳо ва хонандагону шунавандаҳо гузаронида шудааст, ғолибони се бахшро мушаххас намуд. Тибқи натоиҷи он, нашрияи "Азия плюс" – ҳамчун нашрияи сол ва Олга Тутубалина - хабарнигори соли 2013 дониста шуд.
Дар баробари ин, ду номинатсияи ғайриаслӣ нашрия ва радиои маҳбуб мутаносибан ба ҳафтаномаи “Оила” ва радиои “Ватан” нисбат дода шудааст./color]