Акбаралӣ Сатторов: Муносибати ҳукумат бо матбуоти хусусӣ хуб нест
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, муносибати ҳукумат бо расонаҳои хусусӣ хуб нест ва агар чунин раванд идома кунад, давоми ду соли дигар матбуоти даврии мустақил эҳтимол аз байн равад.
Ин нуктаро ҷаноби Сатторов, имрӯз, 2 декабр зимни ҳамоише бахшида ба натоиҷи пажуҳишҳо дар бораи дастовардҳои расонаҳо ва матбуоти Тоҷикистон иброз дошт. Ба иддаои ӯ, намояндаҳои ин расонаҳо бояд сари як миз нишаста, унвонии ҳукумат ва сарвари кишвар муроҷиати дастаҷамъӣ кунанд, то аз таъқиби рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил ҷилавгирӣ шавад. “Расонаҳо оинаи кишваранд ва чунин муносибат имиҷи кишварро поин мебарад”,-афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, раҳбари созмони “Бозтоб” гуфт, аввалҳои имсол расонаҳои мустақил аз номи ҳукумат муроҷиате дарёфт карданд ва дар он гуфта мешуд, ки аз нашри матолиби иғвоангез парҳез шавад. “Фикр мекунам амалиёти сохторҳои қудратӣ зидди расонаҳо аз ҳамон вақт оғоз ё пурзур гардид”.