Роҳи раҳоӣ аз вартаи бало барои Тоҷикистон кадом аст?
Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик бар ин аст, ки Тоҷикистон танҳо дар сурати раҳоӣ аз вобастагии Русия ва наздикӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, метавонад худро аз вартаи бало раҳо кунад.
Ин рӯзноманигори тоҷик рӯзи 30 ноябр дар саҳифаи Фейcбукаш навишт, мақомоти кишвар ҳоло пеш аз ҳама бояд дар фикри аз байн бурдани кӯчактарин вобастагии Тоҷикистон аз Русия бошанд ва дар ин бора вобастагӣ аз давлатҳои дигар низ истисно нест. Ба қавли Дориюши Раҷабиён, Тоҷикистон инчунин бояд дар фикри баргардонидани беш аз як миллион муҳоҷири худ ба Ватан аз Русия ва ҷорӣ намудани низоми раводид бо ин кишвар бошад: “Барқарории низоми раводид (виза) миёни Тоҷикистон ва Русия, бозгашти муҳоҷирони корӣ ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ (эҳдоси корхонаҳо) дар Тоҷикистон низ ҳатмист.”
Оқои Раҷабиён илова мекунад, қарордоди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 мелодӣ ва мавзӯи тақдими хоки ватани тоҷикон ба Чинро дубора ба баррасӣ гирифта, лағв карда шаванд. Ӯ таъкид менамояд, дар сурати иҷро нашудани ин иқдом аз сӯи ҳукумати феълӣ, бояд онро ҳукуматҳои оянда иҷро кунанд: “Ҳар давлате, ки пас аз Раҳмон меояд, бояд лағви ин қарордодро дар садри дастури кори худ қарор диҳад, чун ҳаётист ва руҷӯъ ба санадҳо ва мадорики торихӣ барои исботи далели лағви санади фурӯхтани хоки Тоҷикистон ба Чин, агар қарор аст, касе замин бидиҳад, Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки расман порае аз хокаш "ноҳияи худмухтори тоҷикии Тошқурғон" ном дорад.”
Ин рӯзноманигори тоҷик бар ин андеша аст, Тоҷикистон дар сурате пешрафту рушд хоҳад кард, бо ҳамсоякишварҳои ҳамзабону дорои якфарҳангаш, аз ҷумла Афғонистону Эрон ва Узбакистон робитаи наздик ба роҳ монда, дар фикри таъсиси иттиҳодияи иқтисодии вежа бо ин давлатҳо бошад.