Таҳдиди хакерҳои интернетӣ ба 14 кишвари олам
Ҳукумати ИМА ахиран эътироф кардааст, ки хакерҳои интернетиӣ (харобкорони интернетӣ) муддати 5 соли гузашта ба иқтисоди ин кишвар ва баъзе аз давлатҳо хатар ворид кардаанд.
Гуфта мешавад, харобкорон саъй кардаанд бо вуруд ба шабакаҳои 70 муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ дар 14 кишвар аз онҳо иттилоъот бидузданд. Жанет Наполитано, вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, гуфт, ин хулосаҳои пажӯҳиши ширкати амниятии МакАфӣ аст, мавриди арзёбӣ қарор гирифта ва тадобири муносиб ҳам андешида хоҳад шуд. Ба эътиқоди ширкати мазкур, дар ин харобкориҳо “як давлат” ҳам даст дорад, вале онро ном набурд. Аммо баъзе коршиносон ба Чин ишора мекунанд.
Дар ҳамин ҳол аз сӯи ҳукумати мардумии Хитой ҳеч вокунише дар ин замина нашудааст. Дар пажӯҳиш омадааст, аз ҷумла муассисаҳое дар Амрико, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, бо шумули ширкатҳои тавлиди аслиҳа ва фанновариҳои навин дар Иёлоти Муттаҳида. Хакерҳои интернетӣ ҳамчунин шабакаҳои компютерии дафтарҳои Созмони Милал дар Женеваро рахна карда ва ба иттилоъоти махфӣ дастрасӣ ёфтаанд.Феълан, тафтишоти комили қазия ба анҷом нарасидааст. {jathumbnail off}