Гулнора Ҳасанова аз Амонатбонк ба омор "кӯчид"
Рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ низ тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон идома ёфтааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, Бахтия Муҳаммадиева ба сабаби бознишаста шуданаш аз мақоми раиси Оҷонси омор барканор гардида, ҷои худро ба Гулнора Ҳасанова додааст.
Гулнора Ҳасанова то ин дам раёсати Бонки давлатии “Амонатбонк”-ро бар ӯҳда дошт ва ин мақомро ба Ҷамшед Норинов, ҳоло собиқ муовини раиси вилояти Суғд, супурдааст. Оқои Норинов дар гузашта муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳам буд.
Мурод Ҷумъаев, ки сардории Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукуматро бар ӯҳда дошт, акнун дар мансаби сардори Саридораи геологияи тоҷик фаъолият мекунад. Ин ниҳодро қаблан Азим Иброҳим раҳбарӣ мекард, ки чанде пештар бо фармони раисиҷмуҳур муовини нахуствазири Тоҷикистон таъин гардид.
Дар акс: Гулнора Ҳасанова