Рустами Эмомалӣ, писари президент -- раиси Хадамоти гумрук
Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр раҳбари Хадамоти гумруки кишвар таъин гардида, дар ин мақом Гурез Зариповро иваз кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, оқои Зарипов бознишаста шудааст. Рустами Эмомалӣ то кунун ба ҳайси муовини раиси Хадамоти гумрук фаъолият дошт ва ҳоло ин мақом бар ӯҳдаи Ашӯралӣ Мирзоев гузошта шуд.
Рустами Эмомалӣ, ки 26 сол дорад ва дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.
Вай фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, соҳиби 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар – мебошад.