Бозҷӯии манзили як сокини Хоруғ бо тирпаронӣ анҷом шудааст (АКС)
Талоши кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон барои боздошти сокини шаҳри Хоруғ бо оташкушоӣ анҷом ёфтааст.
Бар асоси иттилои як манбаи муътамад аз Хоруғ, рӯзи 29 ноябр чанд тан аз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ба хонаи яке аз сокинони маҳаллӣ дар минтақаи ба ном “мясокомбинат-хлебзавод” ҳозир шуда, гуфтаанд, вазифадор ҳастанд, ин манзилро мавриди бозҷӯӣ қарор диҳанд. Манбаъ мегӯяд, соҳиби манзил аз кормандони амнияти миллӣ санаде, ки дар асоси он бояд хонаи ӯро бозҷӯӣ кунанд, талаб кардааст. Вале масъулини ин ниҳод ба хотири надоштани он, аз ироаи санад худдорӣ намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, соҳибхона ба кормандони амният гуфтааст, то нозири минтақавӣ ҳозир нашавад, ба эшон иҷозаи вуруд нахоҳад дод. Аммо, ба қавли манбаъ, баъд аз рафтани соҳиби манзил барои даъвати нозири минтақавӣ кормандони амнияти миллӣ ба манзили ин сокини Хоруғ ворид шуда, ҳангоми ҷустуҷӯ гӯиё аз ин хона 40 грам маводи мухаддир пайдо ва бародари ӯро боздошт кардаанд.
Баъд аз интиқоли бародари соҳибхона ба шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар Хоруғ, чанд нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, иддао кардаанд, ки ин иқдоми кормандони амният ғайриқонунӣ аст, чун ба андешаи онҳо пайдо шудани маводи мухаддир аз ин хона сохтакорӣ мебошад. Ҳангоми вуруди сокинон барои гуфтушунид ва муайян кардани асли ҳодиса ба ин хона, ки кормандони амният ҳанӯз онҷо ҳузур доштаанд, садои тир баромадааст. Ба гуфтаи бархеҳо кормандони амният ба осмон тир кушодаанд, дар ҳоле ки овозаҳо дар бораи ҷароҳат бардоштани як сокини осоишта низ вуҷуд дорад.
Инчунин гуфта мешавад, ду нафар аз сокини маҳаллӣ низ аз сӯи кормандони амният, ки танҳо барои муайяннамоии ҳодиса ба манзили маводи мухаддирёфтшуда ворид шудаанд, боздошт гардидаанд.
Ба макони ҳодиса бо даъвати сокинон, Тоҷиддин Назришоев, сардори сарраёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ҳозир шудааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, баъд аз ҳузури Назришоев, кормандони амнияти миллӣ тамоми боздоштшудагонро раҳо ва макони ҳодисаро тарк кардаанд.