Курсии Ҳамроҳхон Зарифӣ насиби Сироҷиддин Аслов шуд
Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки аз соли 2006 дар курсии вазири умури хориҷии Тоҷикистон такя зада буд, рӯзи 29 ноябр аз мақомаш барканор ва Сироҷиддин Аслов ба ҷои ӯ таъин гардид. Оқои Аслов то ин дам намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал ва сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Куба буд.
Сироҷиддин Аслови 49-сола зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон буда, фаъолияти кориашро соли 1986 аз маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон оғоз намудааст. Вай дар солҳои 1996-2004 намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мушкили ҳавзаи баҳри Арал, намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал буд. Як муддат, аз соли 2004 то 2005, ба ҳайси муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки аз мақоми вазири умури хориҷӣ барканор гардид, ҳоло мансабе надорад. Вай ба курсии вазири умури хориҷӣ аз сафирии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида омада, бештар бо номи “одами Амрико” маъруф буд. Зарифии 65-сола ҳангоми ба Чин додани як қитъа замини баҳсӣ мавриди интиқоди шадиди расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифта, иддае ҳатто истеъфои ӯро хоста буданд. Вай зодаи ноҳияи Восеъ аст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)