Намояндаи вазорат: “Ҳамза бо хоҳишаш худро ба дор овехтааст”
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 29 ноябр ба баррасии даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои рӯёндани 10 миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон идома дод. Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз фавтид ва наздиконаш иддао доранд, ки маъмурони маҳбас ӯро куштаанд.
Аммо Саидакбар Сафаров, намояндаи Вазорати адлия, ки назорати зиндонҳо дар ихтиёри ин ниҳод аст, дар баҳси додгоҳии рӯзи 29 ноябр рӯёндани даҳ миллион доллар зарари маънавиро беҳуда хонд. Сафаров гуфт, ин даъво асос надорад, чун, ба қавли ӯ, Ҳамза Икромзодаро дар зиндони рақами яки Душанбе касе накушта, балки ӯ худашро дор кашидааст. Ин намояндаи Вазорати адлия афзуд, “ин даъворо эътироф намекунам. Агарчӣ он вақт дар вазорат кор намекардам, ҳоло тариқи рӯзномаҳо тамоми чизро дар бораи марги Ҳамза Икромзода фаҳмидам. Онҳо даъво доранд, ки гӯиё писарашонро кушта бошанду барои ин зарари маънавӣ пардохта шавад. Дар кадом ҳолат аризаи даъвогӣ руёнда мешавад? Ҳамон вақте ки вай кушта мешуд. Ҳамза худашро бо хоҳиши худаш ба дор овехтааст.”
Саидакбар Сафаров дар идома хонаводаи Ҳамза Икромзода ва хабарнигоронро барои тобиши сиёсӣ додан ба ин қазия муттаҳам намуд. Ӯ гуфт, “Шумо бо журналистон суханҳои дурӯғ мегӯед. Вобаста ба нишондоди шоҳидон рафта ба додгоҳ (суд) муроҷиат кунед, ман ба суолҳоятон ҷавоб намедиҳам.”
Ин дар ҳолест, ки волидони Ҳамза Икромзода як шоҳиди навро дар қазияи марги фарзандашон ба додгоҳ оварда буданд. Аз ин нафар, ки Зокиров ном бурда шуд, гуфт, 13 солу 7 моҳ дар зиндон буда, аз шароити ШИЗО (ҷои ҷаримавии зиндон) хабар дорад, ки он ҷо Ҳамза Икромзода ҷон бохтааст. Ӯ дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт гуфт, “дохили ШИЗО ягон ҷои овехтан надорад. Ҳангоме ки ба ШИЗО медароранд, бандҳои пойафзол ва ҷӯробҳоятро мекашанд ва агар худатро ба дор овехтанӣ ҳам бошӣ, имкони овехтан нест.”
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Ҳамза Икромзода, аз бархӯрди намояндаи Вазорати адлия изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, Саидакбар Сафаров бо парванда ошно нест ва асли қазияро ҳам намедонад: “Ҳатто намедонад, муассисаи ислоҳӣ дар куҷост ва ягон бор вориди он нашудааст. Вай ҷониби даъвогаронро таҳқир карда гуфт, Шуморо барвақт Худо задааст. Ҳатто суханони Эмомалӣ Раҳмонро инкор кард. Мо мегӯем, ҷаноб моҳи ноябри соли 2012 дар вохӯрӣ бо кормандони Вазорати умури дохилӣ гуфт, шиканҷаро бас кунед ва обрӯи давлатро нарезонед. Ӯ мегӯяд, ҷаноб ин хел нагуфтааст.”
Бо ин ҳама, додгоҳ дар баҳси волидони Ҳамза Икромзода ва Вазорати адлия хулосаи худро эълон надошта ва раисикунандаи парванда гуфт, баҳс рӯзи душанбеи 2 декабр идома хоҳад кард.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)