Имороти муттаҳидаи Араб Рӯзҳои фарҳангии Туркманистонро мизбон мешавад
Аз 7 то 9 декабри соли 2013 дар Имороти муттаҳидаи Араб Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон баргузор мешавад.
Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, дар доираи ин чорабинӣ як ҳайати иборат аз чеҳраҳои шинохтаи санъату фарҳанг, нависандаҳо ва гуруҳҳои эҷодӣ ба Абу-Даби сафар хоҳанд кард.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти кормандони эҷодии Туркманистон бо ҳамкасбони арабашон баргузор шуда, намоишномаи ҳунармандон низ дар назар аст.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ дастуру супоришҳои вижа додааст.