Баҳси сеҳру ҷоду дар намози ҷумъа дар масҷиди Имом Тирмизӣ
Муовини сархатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъаи 29 ноябр аз сокинони кишвар даъват кард, ба гуфтаи фолбину ҷодугарон гӯш надиҳанду аз муроҷиат ба ин тоифа худдорӣ кунанд.
Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, аз нигоҳи Ислом ба назди соҳирон рафтан комилан мамнуъ буда, ҳар кас даст ба сеҳру ҷоду мезанад, аз дин хориҷ хоҳад шуд. Ин рӯҳонии тоҷик бо зикри ин нукта, ки воқеан сеҳр вуҷуд дораду ба инсон муассир аст, гуфт, аз ин тоифа ҳеч гоҳ ба инсон некӣ ва хубӣ нахоҳад расид: “Соҳиру ҷодугар зараррасонтарин қишр маҳсуб мешаванд, имрӯзҳо ҳамагон мебинанд, ки чӣ қадар оилаҳо аз пушти сухану амалҳои эшон пош мехӯрад.”
Муовини сархатиби Масҷиди марказии пойтахт аз он ибрози таассуф кард, ки ҳоло соҳирону ҷодугарон, ҳатто бо ояте аз Қуръон ошноӣ надоранду як ҳадиси паёмбар (с)-ро намедонанд, иддао мекунанд, ки мо нафарони бефарзандро соҳиби фарзанд мекунем: “Мо бояд ҳама чизро аз Худованд хоҳем, чун қодиру тавонои ҳамакор ӯст.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахт, маъруф бо номи “муллои ҷодугар”, боздошт ва ба 7 сол зиндон маҳкум гардид. Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муҷрим дониста шудааст. Аммо оқои Иброҳимов дар баррасии шикояти кассатсионияш дар оғози ҳафтаи ҷорӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе аз навиштаи расонаҳо изҳори норозигӣ кард ва гуфт, ӯ ҷодугар нест, вагарна чаро аз роҳи сеҳру ҷоду наметавонад худро аз кунҷи зиндон берун биорад.Дар акс: Домулло Сайид Акбар (нафари аввал аз тарафи рост)Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)