Духтари президент дар феҳрасти сарватмандтарин одамони Швейтсария
Динара Қулибоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев вориди феҳрасти 300 фарди сарватмандтарини Швейтсария шудааст. Ин рӯйхатро маҷаллаи иқтисодии Bilan тартиб додааст.
Исми Қулибоева дар ин феҳраст ҳаштум буда, дороияш 1-1,5 миллиард франк арзёбӣ мегардад. Bilan ӯро яке аз бойтарин занҳо дар Осиёи Марказӣ хондааст.
Динара Қулибоева духтари дувуми Нурсултон Назарбоев буда, саҳҳоми Бонки мардуми Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз соли 2009 Хазинаи миллии омӯзиши ба номи Нурсултон Назарбоевро раҳбарӣ мекунад.
Дар баробари Динара дар феҳрасти 300 фарди сарватмандтарини Швейтсария 11 шаҳрванди дигари шӯравии собиқро ҳам дидан мумкин аст, ки дар қиёс ба рӯйхати соли 2012 ду нафар бештар мебошад.
Маҷаллаи иқтисодии Bilan феҳрасти 300 фарди сарватмандтарини Швейтсарияро ҳамасола нашр мекунад.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)