Даъвои муаллима: "Мудир ба фигураи ман чӣ кор дорад?"
Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони маъюбу бепарастори ноҳияи Ёвон, иддао дорад, ки Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, ба шахсияти ӯ дахл карда, шаъну шарафашро дар назди ҳамкоронаш паст задааст.
Ҳаётова рӯзи 29 ноябр бо “Озодагон” тамос гирифта ва гуфт, чанде қабл омӯзгоронро аз тамоми нукоти Ёвон барои интихоби ҳакамони олимпиадаи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд. “Мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт”,-афзуд Ҳаётова.
Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам.”
Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, то мудири маориф аз ӯ дар ҳузури омӯзгорони ноҳия маъзаратхоҳӣ накунад, аз даъвояш нахоҳад гашт. Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд. Талоши барои гирифтани назари мудири маорифи ноҳияи Ёвон то кунун бенатиҷа буд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)