Қаноат дар бораи Бозор Собир, тамаллуқкорӣ ва хатари гуфтани камбудиҳо
Мӯъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, ки ахиран аз мулоқоти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо адибону омӯзгорони адабиёти собиқ шӯравӣ, баргашт, дар суҳбат бо “ИмрӯзNews” оиди муҳтавои мулоқот, шеъру шоирии имрӯза, тамаллуқгароиву манфиатҷӯиҳо, вазъи муҳоҷирон ва гузаштан ба хатти форсӣ изҳори назар кардааст.
Муъмин Қаноат мегӯяд, ки бисёре аз иштирокдорони мулоқот бо Путин эътироф намудаанд, ки адабиёт тамом шуд – «в тупике». Ӯ шарҳ додааст, ки ин ҳолат танҳо дар Русия нест: “Мисол, дар мо. Масъалаи таълиму тадриси адабиёт дар мактабҳо нест, вуҷуд надорад. Яъне он чизе ки дарс медиҳанд, хато аст, аҳамият надорад, барои инсонсозӣ нақш надорад. Энергия надорад. Он чизе ки мо ба мардум мегӯем, мурда аст. Ҳамааш мурдааст. Мурдае, ки 21 сол наҷунбонданд, вайро чӣ хел зинда мекунӣ дигар? Аз нав инҳо дар Русия мехоҳанд ҳамонро зинда кунанд. Ҳам робитаҳо, ҳам пайвандҳо, усули таълим, омӯхтан… Ба хулосае омаданд, ки бунёд ва решаи ҳама фарҳанг адабиёт аст, ҳофиза аст, китоб аст, андеша аст, пешгӯӣ ва калом аст дар он. Каломе, ки аз Худованд омадааст.”
Муъмин Қаноат дар мавриди шеъру шоирии имрӯзаи тоҷик гуфтааст, “имрӯз одамони боистеъдодро даъват намекунанд. Истеъдод як тараф мондагӣ. Онҳое, ки як чизи нав мегӯянд, дар як тараф мондаанд. Ҳозир тамаллукгӯёну хушомадгӯёне, ки ҳастанд, ҳамонҳоро ҷалб мекунанд. Аз шогирдони зӯре, ки ман дорам, ҳеч кадомашонро ба маҷлисҳо даъват намекунанд. Ба хотири он ки шеъри онҳоро инҳо намефаҳманд.”
Ин шоири халқии Тоҷикистон гуфтааст, дар адабиёт ба ҳар ҳол, одамони боистеъдод ҳастанд: “Лекин охир Лоиқ барин шахсро бароварда наметавонанд-ку, ё Бозор барин ба ҳамин девонагиҳояш, Гулрухсор барин одами размандаро бароварда наметавонад-ку. Инҳоро ман тарбия кардам. Шогирони мананд инҳо. Ғоиб Сафарзодаву дигару дигарҳояш, ҳама ҳамин гуруҳ шогирдони мананд...”
Муъмин Қаноат эътироф намудааст, ки аз як тараф ин ҳама таъсири замона аст: “Албатта, таъсири замона аст. Аз як тараф корҳои хуб одамро ба илҳом меоранд, аз тарафи дигар, камбудиҳо бисёранд. Агар ҳамаи ин камбудиҳоро гӯӣ, ба зери танқиди нафарони шаккок мемонӣ, гуруҳи опозитсионӣ ҳисобат мекунанд. Инҳо на дасти кушод ва на дили кушод доранд. Дар аъроф мондагианд...”
Дар мавриди гузаштан ба хати форсӣ Муъмин Қаноат афзудааст, ки “зарурат дорад, аммо на имрӯз. Шояд як қисми корҳоямонро дар баробари кирилӣ ба хатти форсӣ кунем. Чунки дар ИДМ ҳастему тағййри хат ба муносибатҳо дар арафаи воридшавӣ ба созмонҳои ҷаҳонӣ сардӣ ба вуҷуд меорад. Вақташ, ки расид, бозгаштан мумкин аст. Агар имрӯз ба хатти форсӣ баргардем, он характери сиёсӣ ва мазҳабӣ мегирад. Фикр мекунанд, ки ба мо фишор оварданд ва мо ба хатти характери исломидошта баргаштем. Вақташ, ки омад, баъд кардан даркор. Чунки кореро пеш аз муҳлат кардан зиён меораду манфиат не. Имкон дорад, ки дар баробари истифодаи хати криллӣ ягон сохтори дигар барои истифодаи хати форсӣ дар китобҳои ҷашниро роҳандозӣ кунем.”
Дар бораи он, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чӣ нақше метавонад, барои бозгашт ба хатти ниёгон дошта бошанд, Мӯъмин Қаноат гуфтааст, “ин иттифоқро таъсири замони шӯравияш нест. Аввал ин ки роҳбарияташ куҳнакор аст, ё зӯрашон барои нав кардан намерасад. Кам-кам ҷуръату ҷасорат на ҳама доранд. Ҷуръату ҷасорат бошад, маълум аст, ки ба чӣ кор меанҷомад. Ҳама эҳтиёт мекунанд, метарсанд.”
Ин шоири халқии Тоҷикистон инчунин аз тарбияи инсонҳои нав дар кишвар интиқод намудааст: “Сохторҳоро шикастанду навашро сохта натавонистанд. Иморатро сохтем. Дар даруни иморат инсон муҳим аст. Вагарна чӣ даркоранд иморатҳо? Қолабҳои беруҳу равон…Охир гӯри худатон мешавад ҳамон чизҳои сохтаатон. Пеш аз ҳама инсонро сохтан даркор, баъди он иморатро мувофиқи ҳамон.”
Муъмин Қаноат ба мавзӯи муҳоҷирати тоҷикон ба Русия низ дахл карда, кори заифи сафорати Тоҷикистонро дар Маскав сарчашмаи бисёри бадбахтиҳои муҳоҷирони тоҷик хондааст. Ӯ афзудааст, ки дар мулоқот бо Путин дар Маскав ба мавзӯи муҳоҷирон дахл карданд: “Баҳси аз ҳама шадид-ҳамин масъалаи муҳоҷират шуд. Гуфтем, ки ИДМ-ро ба ҳамкорӣ даъват мекунеду ба сохторхои муштарак дохил карда истодаед, барои чӣ намегӯед, ки дар бозору корхонаҳо ҳамин мардумро таҳқир накунанд? Путин гуфт, «ман амр додам, ҳамин нишасти имрӯза барои ҳамин аст, ки фикри ҳамаатонро фаҳмам. Чӣ пешниҳод мекунед? Гуфт, ман фармон додам аллакай, ки ҳар касе ҷиноят накардааст, касе, ки зоҳиран шак мешавад, вайро дастгир накунеду азоб надиҳед. Чунки ин шак метавонад хато бошад. Бояд қонунмандӣ дошта бошед, ки чӣ кори бад кардааст, ки ҷазо медиҳед. Агар аз нодонӣ карда бошад, вайро бахшидан мумкин. Агар қасдан карда бошад, ин масъалаи дигар аст. Кормандони мо пулису дигару дигар, мераванду меқапанду ихроҷ мекунанд. Ман гуфтам, ки парвандаи ҷиноӣ кушоед, тафтиш кунед, ки ҳамин одам ҷиноят кардааст, ҳамаро таъин кунед, баъд аз он касе гуноҳ карда бошад, қонуни нисбаташ чора ҷӯед...”
Муъмин Қаноат таъкид намудааст, ки даъват шуданаш ба мулоқот бо Путин маънои зери таъсири сиёсати ин кишвар монданаш нест. Ӯ таъкид намудааст, ки ягон бор зери таъсири сиёсати касе ё гуруҳе намондааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)