АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"
Нилуфари КАРИМДаҳҳо ронандаи мусофирбар дар пойтахти Тоҷикистон аз ҳаҷми ҷарима ва шеваи пардохти он барои нақзи қоидаҳои роҳ эътироз карданд. Ин нақзи қоидаҳо тавассути дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ки бар асоси тарҳи “Шаҳри бехатар” аввали моҳи ноябр дар хиёбони марказии Душанбе насбу фаъол гардид.
Умед, ронандаи хатсайри рақами 8, ки барои се қоидавайронкунӣ 520 сомонӣ ҷарима супоридааст, мегӯяд, мақомот қабл аз он ки онҳоро ҷарима банданд, шароити ҳаракат дар роҳҳоро муҳайё созанд. Норозигии мусоҳиби мо аз он аст, ки аксар вақт хатти якуми роҳ дар пойтахт аз сӯи мошинҳо банд буда, онҳо имкони гирифтан ва ё фаровардани мусофиронашонро надоранд.
“Дар хатти якуми роҳ мошин мондаанд ва намедонем дар куҷо мусофиронро фароварем, ё бигирем.. Ҳамеша маҷбур мешавем, дар хатти дувум истем, ки инро камераҳо акс мегиранду баъд ҷарима мекунанд. Агар мо ягон қоидавайронкунӣ кунем, розием, маблағашро супорем. Аммо барои мо дар роҳҳо шароит нест”,-афзуд Умед.
Ин ронанда дар идома гуфт, “дигар масъала ин аст, ки дар бештари роҳҳо ранги хатҳо намоён нест. Дар як бозори Шоҳмансур дар ду тарафи роҳ автомашинаҳо гузошта шудаанд. Ягон корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ инро намебинад.” Умед нақл мекунад, як рӯз ҳангоми гузаштани корвони мошини президент чароғак сурх буд, вале нозири роҳ ишора кардааст, ки зудтар бигузаранд: “Инро камера сабт кардааст ва ҷарима бастааст. Як ронандаи дигарамон 2 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супорид. Дар дигар давлатҳо вақте санади пардохти ҷарима меояд, ду моҳ мӯҳлат дода мешавад аммо дар ин ҷо ин хел нест. Ҷарима омад, бояд зуд рафта супорӣ. Намедонем, чӣ кор кунем.”
Ин аст, ки ба гуфтаи Нуралӣ Азизов, муовини раиси Автоколоннаи “29-27”, ронандагон барои пардохти маблағи ҷарима азият мекашанд: “Санади пардохти ҷарима ҳар рӯз фиристода намешавад. Чанд қоидавайронкуниро ҷамъ карда, ба ронандагон мефиристанд. Баъзе ронандаҳои мо аз аввали мо то 2 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима супоридаанд. Агар ҳамарӯза қоидавайронкунии онҳо фиристода шавад, хуб мешуд.”
Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей»-и Чин мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Гуфта мешавад, ин тарҳ барои таъмини тартибот дар кӯчаҳо ва ҷилавгирӣ аз фасодкории нозирони роҳ мусоидат кунад. Дар нахустин лаҳзаҳои фаъол гардидани дурбинҳои назоратӣ 17 ҳазор қоидавайронкунӣ аз тарафи ронандаҳо сабт шуда, мақомот гуфта буданд, беш аз 80 дарсади ронандаҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)