Қоҳир Расулзода дар Тошканд ва мушкили роҳу энержӣ
Қоҳир Расулзода, сарвазири навтаъини Тоҷикистон, ки барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, имрӯз, 29-уми ноябр, дар Тошканд қарор дорад, масоили тиҷорати минтақавӣ, энергетика ва нақлиётро баррасӣ хоҳад кард.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ, ки имрӯз, 29-уми ноябр, дар назар аст, масоили нақлиёт, тиҷорат, телекомуникатсия, энергетика, хоҷагии қишлоқ, бартараф кардани оқибатҳои ҳаводиси табиӣ дар меҳвари ин мулоқот хоҳанд буд.
Дар назар аст, ки созишнома дар бораи беҳбуди шароит барои интиқоли автомобилӣ миёни ҳукуматҳои СҲШ ба имзо расад. Инчунин бо пешниҳоди Русия масъалаи созмони клуби энергетикии СҲШ ба баррасӣ гирифта хоҳад шуд. Қаблан аз иштирок дар таъсиси клуби энергетикӣ Узбакистон худдорӣ карда буд.
Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2001-ум таъсис ёфтааст, айни ҳол Тоҷикистон, Русия, Узбакистон, Чин, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар бар мегирад. Ба ҳайси кишварҳои нозир дар ин созмон Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон ворид мебошанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)