Ў бо хизмати содиқона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати ташкилотчигӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ сазовори иззату ҳурмати ҳамагон гашта буд.
Барои фаъолияти гуногунҷабҳаи давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» - дараҷаи аввал сарфароз гардонида шудааст. Мукофоти олии Асадулло Ғуломов иззату эҳтироми бепоёни мардум мебошад. Хотираи неки Асадулло Ғуломов дар дили ҳар касе, ки ўро мешинохт, абадӣ зинда мемонад.
Ҳамзамон, сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ аз марги нобаҳангоми муовини якуми сарвазир андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва дӯстонашон ҳамдардӣ, баён менамояд. Дар поёни номаи таслияти сафорат омадааст, «Худованд он касро тариқи раҳмату шоистаи ҷаннат гардонад ва ба аҳли байташон сабри ҷамил, ато намуда, онҳоро дар паноҳаш нигаҳ дорад».{jathumbnail off}