САДО: Баҳром Ғафурӣ ва Dj Richi Bride: "Нару" (Нарав)
Клипи нави Баҳром Ғафурӣ, ки ахиран дар Маскав наворбардорӣ шуд, муаррифӣ мешавад.
Ин клип бар матни таронаи “Нару” (Нарав) бардошта ва аз сӯи Dj Richi Bride (Маскав) танзим шудааст. Кори коргардонии онро Азамат Ҳусейн бар душ доштааст. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром ба “Озодагон” гуфт, барои таҳияи клип аввалҳои моҳи ҷорӣ ба пойтахти Русия рафта ва он ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ аст. “Расми муаррифии клип моҳи декабр дар шабакаҳои мусиқии хориҷӣ баргузор мешавад”,-афзуд номбурда.
Баҳроми Ғафурӣ моҳи сентябри соли равон бо ширкати продюсерии “Топ медиа”-и Беҳрӯз Зеваров қарордоди ҳамкории сесола баст, ки бар асоси он ширкат муваззаф аст, дар баргузор кардани консерт ва нашри таронаву клипҳояш саҳм бигзорад.
Хонандаҳои "Озодагон" имкон доранд, шакли mp3-и ин сурудро бишнаванд:
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)