Клип бо ширкати Рӯҳонӣ. “...шоистагон ба миллат хидмат кунанд”
Дар шабакаи ҷаҳонии интернет клипе дар сайр аст, ки бо ширкати раисиҷумҳури исломии Эрон таҳия шудааст.
Дар ин клип чеҳраҳои шинохтаи Эрон пораҳое аз матни суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар, аз маросими савгандёдкунии ӯро дар санаи 3 август такрор мекунанд.
"Бигзорем ки шоистагон ба миллат хидмат кунанд, бигзорем ки синаҳо аз кинаҳо пок шаванд. Бигзорем ки оштӣ ҷои ғам ва дӯстӣ ҷои душманӣ биншинад. Бигзорем ки Ислом бо чеҳраи раҳмонияш, Эрон бо чеҳраи ақлонияш, Инқилоб бо чеҳраи инсонияш ва низом бо чеҳраи отифияш ҳамчунон ҳимоса биёбад",-гуфта мешавад дар ин клип.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои аввали пахши клип афроде пайдо шуданд, ки навиштанд, ин клип нусхабардоришудаи клипи пешазинтихоботии Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳида мебошад. Аммо таҳигарон гуфтаанд, ки онро копӣ накардаанд, балки мояи идеясозияшон қарор додаанд.
То замони нашри ин хабар клипи мазкурро дар Ютюб 93 022 маротиба тамошо кардаанд.