Президенти собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз дар додгоҳ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард.
Муборак ба фасод ва судури амри куштори садҳо эътирозгаре, ки дар моҳи феврали соли равон суқути ҳукумати 30-солаи ӯро талаб мекарданд, айбдор мешавад. Ҳуснӣ Муборак, ки ба нахустин мурофиааш ба иллати беморӣ дар як тахти равон эҳзор шуд, гуфт, иттиҳомоти воридаро комилан радд мекунад.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба Муборак ҳукми қатл таҳдид мекунад. Ҳамроҳ бо Муборак ду писари ӯ – Ало ва Ҷамол - ва вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адливу 6 афсари аршади собиқ низ ба додгоҳи Қоҳира ҳозир шуданд. Ало ва Ҷамол низ иттиҳомотро радд карданд. Дар ҷараёни эътирозҳои Миср бо талаби истеъфои Муборак дар аввали соли ҷорӣ ҳудуди 850 тан кушта шуданд.{jathumbnail off}