Ту ба ҷои ман, ман ба ҷои ту! Ивазкунии курсиҳо дар Хатлон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки баъд аз адои савгандаш дар 16 ноябр ба ташкили аъзои нави ҳукумат ва тағйироти кадрӣ машғул аст, раисони чанде аз навоҳии вилояти Хатлонро “иваз” кард. Ин ивазшавиҳо рӯзи 27 ноябр сурат гирифтанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Абдуҳалим Исмоилов аз вазифаи раиси ноҳияи Бохтар озод шуда, ба ҷои ӯ Ҷаббор Самадов, таъин гардидааст, ки то ин дам раиси ноҳияи Хуросон буд. Оқои Исмоилов акнун дар курсии раиси ноҳияи Шаҳритус нишастааст, ки онро Ҷумъахон Сафаров ба ӯҳда дошт.
Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Убайдулло Абдуллоев раиси ноҳияи Хуросон таъин шуда, дар ин мақом Ҷаббор Самадовро иваз намудааст. Раъно Мирзоева дар мақоми раиси Фархор ба ҷои Қурбонбой Каримов омадааст, ки ҳоло муовини аввали раиси вилояти Хатлон таъин гардидааст. Оқои Каримов солҳои 2008-2010 дар мансаби раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор карда, аз моҳи сентябри соли 2010 раиси ноҳияи Фархор буд.
Хӯҷамурод Фазлиддинов, ки раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд, ҷои худро ба Қодир Валиев дода дар курсии раиси ноҳияи Ҷилликӯл нишастааст. Қодир Валиев раиси ноҳияи Ховалинг буд ва ин мақом насиби Нурулло Мирзоев шудааст.