Ҳимояти собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон аз Зайд Саидов
Дар мурофиаи навбатии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, ки рӯзи 27 ноябр паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ баргузор шуд, Фаррух Муҳиддинов -- собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон бозпурсӣ шудааст. Инчунин, котибаи Зайд Саидов дар ин мурофиа ба суоли вакилони мудофеъ, намояндаи додситонӣ ва додраси парванда посух гуфтааст.
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон аз рӯи иттиҳомоте, ки Оҷонсии зидди фасоди молӣ алайҳи нафари таҳти ҳимояташон пеш гузоштааст, шоҳидӣ дода, аз ӯ ҳимоят намудааст. Ба иттилои манбаъ, котибаи Зайд Саидов низ дар мурофиаи додгоҳӣ шоҳидӣ додааст, ки Зайд Саидов мунтазам дар ҷои кор ҳозир шуда, муносибаташ бо корафтодагон ва одамоне, ки ба қабулаш меомаданд, хеле хуб буд.
Зокиров афзуд, мурофиаи Зайд Саидов ба марҳилаи ниҳоӣ расида ва айни ҳол айбдоркунандаи давлатӣ барои омода намудани баромади ниҳоияш як ҳафта танаффус гирифтааст: “Баромади ниҳоии айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи чоршанбеи 4 декабр дар назар аст. Ҷониби ҳимоя охирин суханашро рӯзи ҷумъаи 6 ноябр ироа хоҳад кард ва бо ҳамин додраси парванда барои қабули қарор ба ҳуҷраи машваратӣ хоҳад рафт.”
Ин вакили дифоъ афзуд, танҳо дар мурофиаи рӯзи 27 ноябр ҳудуди 10 санадро, ки бегуноҳии зерҳимояашон нишон медиҳанд, ба додгоҳ пешниҳод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ шоҳидони зиёд аз Зайд Саидов ҳимоят карданд. Аз ҷумла, Дилшод Раҳимов, соҳибкор ва бародарзодаи Зайд Саидов, дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасодро алайҳи Саидов, дар мавриди кашида гирифтани “Тоҷикатлас” беасос хонда буд. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст. Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, айни ҳол дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мавқеъ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад.