Боқиев ба ҳукми абад аз озодӣ маҳрум шуд
Ҷонибек Боқиев, бародари раисиҷумҳури пешини Қирғизистон ба ҳукми абад аз озодӣ маҳрум гардид.
Ин бародари Курманбек Боқиев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, созмондиҳии ошӯбҳо ва тасарруфи қудрат дар моҳи апрели соли 2010 дар Қирғизистон муттаҳам мешавад.
Дотситонии кулли ин кишвар мегӯяд, моҳи октябри соли 2010 тафтишоти парвандаи Ҷонибек Боқиев аз сӯи ин ниҳод анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуда буд. Ин ниҳоди қирғиз мегӯяд, Боқиев дар дӯздӣ ва азхудкунии 22 миллион соми қирғизӣ аз бахши вилоятии Бонки марказии Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод низ айбдор мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, бародари собиқ раисиҷумҳури қирғиз рӯзи 18 ноябр бар асоси ҳамаи иттиҳомоти эълоншуда гунаҳгор шуда, бо қарори додгоҳи минтақаи Сузаки Қирғизистон ба муҳлати 18 сол маҳкум ба зиндон шуд ва бо таваҷҷуҳ ба қарори содир намудаи Додгоҳи низомии Бишкек ба ҳукми абад аз озодӣ маҳрум гардид.