Қоҳир Расулзода то замони омаданаш ба мақоми нахуствазири Тоҷикистон раҳбарии вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. То ҳоло аксарият ӯро ба унвони раҳбари озодандеш ва ободкор мешиносанд. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, оё Расулзода дар мақоми нахуствазир ҳам худро нишон дода метавонад?
Раҷаби МИРЗО, журналист:
“Қоҳир Расулзода аз соли 2000 дар майдони сиёсат пайдо шуд. Дар ин муддат ҳамчун вазири обу обёрӣ ва раиси вилояти Суғд худро хеле хуб нишон дод. Бахусус, ба унвони раиси вилояти Суғд фаъолият кардан мушкил буд. Мушкил аз он нуқтаи назар, ки он фазое, ки Қосим Қосимов сохта буд, онро шикастан ҷуръат мехосту Қоҳир Расулзода ин корро анҷом дод. Дар ин маврид назари мардумро ба худ дигар кард. Ӯ исбот кард, ки як шахси комилан дигар аст ва бо ҷуръат. Баробари ба курсии сарвазирӣ омадан, фикр намекунам, ки ӯ ҳамон хусусияти худро ҳифз карда тавонад. Чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон имкониятҳои сарвазир маҳдуд буда, дар бештар маврид имконияти муовини аввали нахуствазир васеътар аст. Фикр намекунам, ки бо ин низоми амалкунанда Қоҳир Расулзода чизеро иваз карда тавонад. Шояд иродаву имконияти ӯ барои идораи як вилоят, як вазорат кофӣ буд, то ӯ корҳои техникиро анҷом диҳад. Аммо дар курсии сарвазирӣ, ки ин бештар сиёсӣ ҳаст, бар он бовар нестам, ки Қоҳир Расулзода худро муаррифӣ карда тавонад. Агарчӣ ӯ мехоҳад, аммо қонунгузории мо дар ин маврид маҳдуд аст.”
Илҳомҷон ЁҚУБОВ, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд:
“Қоҳир Расулзода қабл аз дипломат будан, ҳамчун инсон хоксор ва ахлоқи намуна дошт. Давоми фаъолият дар вилоят мо дидем, ки вилоят чӣ гуна рушд кард. Ба симмати сарвазир таъин шуданашро ҳамчун сокини вилоят қабул надорам. Зеро дар кишвари мо нахуствазир имконияти васеъ надорад. Барои ҳамин, фикр мекунам, бо он ақлу заковат дар вилояти Суғд оқои Расулзода корҳои бештареро анҷом дода метавонист. Имкониятҳои сарвазир маҳдуд асту он иҷоза намедиҳад, то Қоҳир Расулзода ифои вазифа кунад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки барои ин шахс сарвазирӣ намезебад.”
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, таҳлилгари сиёсӣ:
“Он вазифвае, ки Қоҳир Расулзода гирифт, хеле маҳдуд аст. Акнун ӯро лозим меояд, то дар доираи як чаҳорчӯба кор кунад. Фаъолият ва имконияташ маҳдуд мешавад. Новобаста аз он ки дар курсии нахуствазир чӣ гуна мутахассис менишинад, соҳиби ин курсӣ дар чаҳорчӯбаи муайян фаъолият хоҳад кард.”