Майити муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ба Душанбе оварда шуд
Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов имрӯз (яъне 3-юми август) аз дунё даргузашт.
То ин замон хабари марги ӯ тайид шуда, аммо дар мавриди маҳалли фавти Ғуломов расонаҳо ахбори зидду нақизеро пахш мекунанд. Хабаргузории СА-News, ки ин иттиллоро аввалин шуда ба нашр расонид, навишта, ки муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ҳангоми боздиди корӣ дар Роғун аз олам даргузашт. Дигар расонаҳо низ ҳамин тавр, макони фавти ӯро Шаҳри Тус, Панҷи Поён ва Сангтӯда ба қалам медиҳанд.
Гуфта мешавад, Асадулло Ғуломов пас аз анҷоми боздиди корӣ аз ҷануби кишвар ба Душанбе баргаштанӣ будааст. Аснои ба чархбол наздик шудан, ӯ аз пой меафтад. Дар ҳоли ҳозир дақиқан рӯшан нашуда, ки сабаби марги Ғуломов чӣ аст, сактаи қалб ва ё сактаи мағзи сар. Ҷасади ӯ ба Душанбе мунтақил шуда, дар яке аз сардхонаҳои пойтахт нигаҳбонӣ мешавад. Замони дафн ва макони ҷанозаи ӯ то ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Маврид ба ёдоварист, Асадулло Ғуломов ҳамагӣ 57-сол дошт. Ӯ 28-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1976 дар зодгоҳаш шурӯъ карда, солҳои 2000-2003 ба ҳайси райиси ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе ифои вазифа дошт. Аз соли 2003 то 2006 ба симмати муовини нахуствазир ва аз соли 2006 то дами маргаш муовини аввали сарвазири ҶТ буд. Бо нишони «Шараф» ва унвони «Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.{jathumbnail off}