Табиб тифли навзодро 1000 доллар нарх гузоштааст
Кормандони пулиси вилояти Қашқадарёи Узбакистон як табибро бо иттиҳоми талоши фурухтани тифли навзод боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои Узбакистон, ин духтур дар беморхонаи шахсии “Yoqut Shifo Davo” фаъолият дошта ва мехостааст кӯдакро бар ивази 1000 доллари амрикоӣ бифурушад.
“Ин зан зимни як амалиёти вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса дастгир шудааст”,-менависад ВАО.
Нисбат ба ӯ тибқи моддаи 135.3-и Кодекси ҷиноии Узбакистон парванда боз шудааст, ки то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.