Ошкор шудани тақаллубкории «Газпромнефт-Тоҷикистон» ва «Кӯлобнафтрасон»
Агентии Тоҷикстандарт тақаллубкории ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Кўлобнафтрасон» ва нуқтаҳои фурўши сўзишворие, ки маҳсулоти ширкати «Умед-88» -ро ба фурўш гузоштаанд ошкор намуд.
Тавре аз маркази матбуотии ин агентӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, зимни як санҷиш маълум мегардад, ки ба ҷуз аз ҷавобгў набдани сифати сўзишворӣ ба талаботҳои меъёрӣ , инчунин аз тарафи фурўшандагон 10 ҳолати фиреб, яъне бо роҳи кам рехтанӣ сўзишворӣ ба муштариён ошкор шудааст.
Бино ба қавли манбаъ, ширкатҳои мазкур (Газпромнефт-Тоҷикистон, Кӯлобнафтрасон ва Умед-88) барои чунин амалашон тибқи моддаи 627-и кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ба ҷавобгари маъмурӣ кашида шудаанд. Масъулини Тоҷикстандарт тайи 7- моҳи ахири соли равон бо ба қайд гирифтани 62- ҳолати тақаллубкорӣ , дар маҷмўъ 919 тонна сўзишворирии нафтиро, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз рўи нишондоди адади октанӣ ҷавобгў набуданд, ошкор намудааст. Бино ба маълумоти манбаъ, вақтҳои ахир арзу шикояти мардум нисбати нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ дар хусуси ҷой доштани ҳолатҳои фиреби харидорон ва паст будани сифати сўзишворӣ зиёд шуда истодааст.{jathumbnail off}