Худкушии як муҳоҷири 25-сола дар Русия
Як муҳоҷири 25-солаи қирғиз дар боғи ба номи “Таган”-и шаҳри Екатеринбурги Русия худро оташ задааст.
Тибқи иттилои расонаҳои русию қирғизӣ, ин ҷавони 25 сола сокини вилояти Уши Қирғизистон будааст. Манбаъ мегӯяд, ҳар чанд кормандони амниятии боғи мазкур барои наҷоти муҳоҷир талош намудаанд, вале бенатиҷа буда, ин шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расидааст.
Ба қавли шоҳидони ҳодиса ҷавони қирғиз қабл аз оташзанӣ либосҳои худро берун карда, пулу ҳуҷҷатҳояшро низ канор гузоштааст ва бо истифода аз сузишворӣ худро оташ мезанад.
Манобеи хабарӣ такя ба суханони кормандони пулиси Екатеринбург иттилоъ додаанд, ки барои мушаххас кардани омилҳои ин худкушӣ таҳқиқот идома дорад. Дар бораи ному насаби шахси фавтида чизе оварда нашудааст.