Шаҳрдорӣ то 25-уми август беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаро муайян мекунад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ҳукумати шаҳри Душанбе қарори вижаро дар мавриди баргузории як озмун миёни тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаҳои пойтахт ба имзо расонид.
Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии райиси пойтахт ин тасамим ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии истиқлолият ва дар ин раванд расидан ба ҳадафҳои рақобатпазиргардонии меъёрҳои байналмилалии маданияти хизматрасонӣ, алалхусус баланд бардоштани мавқеъ ва нақши соҳибкорон дар ҷомеа аз сар гирифта шуд.
Номбурда афзуд, тибқи қарори райиси шаҳр, озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» байни соҳибкороне, ки дар тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаҳои шаҳри Душанбе фаъолият доранд, гузаронида ва на дертар аз 25 августи соли 2011 натиҷаи ҷамъбасти он пешниҳоди аҳли ҷомеа гардонида мешавад. {jathumbnail off}