Боз интихобот... Қатъи ваколатҳои Ҷабборова ва Хидирова
Ваколати Марҳабо Ҷабборова ва Мағфират Хидирова ба ҳайси вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 26 ноябр расман қатъ шуд. Марҳабо Ҷабборова ба мақоми ноиби нахуствазир ва Мағфират Хидирова ба мақоми раиси Кумитаи занон ва оила таъин шудаанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи 26 ноябр ба Марҳабо Ҷабборова ва Мағфират Хидирова гул ва ифтихорномаи Маҷлиси Олиро тақдим кард. Вай дар бораи фаъолияти Марҳабо Ҷабборова, ки се соли охир ба ҳайси вакили парлумон фаъолият дошт, сухан ронда, аз ҷумла гуфт, “боварии комил дорам, бо масъулиятшиносие, ки дорад, аз иҷрои вазифааш хоҳад баромад.” Ба гуфтаи ӯ, Марҳабо Ҷабборова дар мақоми ноиби нахуствазир ҳалли масъалаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷират, тандурустӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Аортиши миллиро ба ӯҳда дорад.
Марҳабо Ҷабборова, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар гузашта ба ҳайси раиси Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳам фаъолият кардааст. Худи ӯ дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи парлумон гуфт, “кор дар мақоми баланди қонунгузорӣ ин мактаби беҳтарин мебошад. Ман тамоми донишу маҳорати худро истифода мекунам. Барои ҳамкорӣ бо парлумон ва Шумо омода ҳастам.”Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)