Тарафдорони Ҳоҷӣ Мирзо хостори бозгашти ӯ шуданд
Тарафдорони Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов), яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, ки қаблан имом-хатибии масҷиди "Ҳилоли Аҳмар"-и шаҳри Кӯлобро ба зимма дошт, хостори бозгашти ӯ ба минбар шудаанд.
Ин рӯҳонии тоҷик дар пайи як “маърака”-и ивазкунии имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар бо сабабҳои “номаълум” ду соли пеш аз имом-хатибӣ ба истеъфо рафта буд. Ҷонибдорони Ҳоҷӣ Мирзо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, бо ташкили як гурӯҳи махсус гирди ҳам омада, мехоҳанд ин руҳонии саршиноси тоҷик дубора ба минбар баргардад.
Ин гуруҳ дар Фейсбук зери унвони “Мо мехоҳем, Ҳоҷӣ Мирзо болои минбар бошад!” ташкил шуда, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 160 нафар ба ҳайати он шомил шудаанд. Бояд гуфт, ташкили гуруҳи вижа аз сӯи ҷонибдории Ҳоҷӣ Мирзо таҷрибаи нав нест. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет низ торнамо ё блогҳои зиёде бо номи ӯ таъсис ёфта, фаъолият дорад.
Ин рӯҳонии тоҷик баъд аз барканории аз симати имом-хатибӣ ба Душанбе омада, ҳоло дар пойтахт ба сар мебарад. Ҳоҷӣ Мирзо нахустин рӯҳонии варзида ва шинохтаи исломии тоҷик нест, ки аз минбари масоҷиди ҷомеи кишвар дур андохта шудааст. Дар баробари ӯ як қатор ходимони маъруф, аз ҷумла Мулло Абдураҳим (Раҳим Назаров), имом-хатиби масҷиди "Қазоқон"-и шаҳри Душанбе, Эшони Нуриддинҷон, имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия", домулло Абдумалик, имом-хатиби масҷиди "Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд"-и шаҳри Душанбе низ аз симатҳои худ барканор шуда буданд.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)