Писари собиқ раиси Восеъ муъҷиби фавти ду нафар шуд
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон боз як садамаи марговари дигарро бо иштироки писари мансабдор сабт кардааст, ки ду кушта барҷой гузошт.
Ба иттилои ин ниҳод бегоҳи 23-юми ноябр, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар километри 35-ум дар ҳудуди деҳаи Элок, ронандаи автомобили «Тайота Ландкрузер», Бахтиёр Тағоймуродов, ки писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.
Ба иттилои БДА дар пайи ин бархӯрд, Мерседес ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо «Опел Астра» бармехӯрад, ки дар натиҷа ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд.